Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

ЛОИК ШЕРАЛИ

Логотип телеграм канала @loiqsherali — ЛОИК ШЕРАЛИ Л
Логотип телеграм канала @loiqsherali — ЛОИК ШЕРАЛИ
Адрес канала: @loiqsherali
Категории: Книги
Язык: Русский
Страна: Россия
Количество подписчиков: 1.63K
Описание канала:

Дерзкий, гордый и необыкновенно талантливый лирик Лоик Шерали, к сожалению, умерший в 2000 году. Как говорил о нём Мирзо Турсун-заде, оберегавший поэта от всех житейских неурядиц, «это космонавт, запущенный к нам из будущего».

Рейтинги и Отзывы

3.33

3 отзыва

Оценить канал loiqsherali и оставить отзыв — могут только зарегестрированные пользователи. Все отзывы проходят модерацию.

5 звезд

1

4 звезд

1

3 звезд

0

2 звезд

0

1 звезд

1


Последние сообщения 8

2021-01-12 15:51:33 * * *
То дар ин кӯҳу камар эмин зи аъдо мондаӣ,
Дар дили сад дашту саҳро дасту сарҳо мондаӣ.

Бемадина, бесафина, бехазина, бенасиб,
Кӯ ба кӯю дар ба дар дарвешосо мондаӣ.

Дур аз пистони модар, дур аз оғозгоҳ
Берун аз маҳди Самарқанду Бухоро мондаӣ.

Сангрӯён сангкӯбон сангҷонат кардаанд,
Дар миёни кӯҳҳо як пора хоро мондаӣ.

Тангчашме вусъати дунёи афкорат надид,
Боз ҳам воломаниш дар ёди дунё мондаӣ.

Ҳай ба хун жӯлидаӣ, то роҳи худ паймудаӣ,
Бо ҳазорон ҳасрато, ҳайфо, дареғо мондаӣ.

Бас буридандат забону бас шикастандат миён,
Боз гӯё, боз пӯё, боз поё мондаӣ.

Сад қалам карданд ҷисми борҳо хуншори ту,
Боз ҳам дар каф қалам аз баҳри иншо мондаӣ.

Мондаӣ гар нимаҷону нимазинда то ба ҳол,
Бо суруди Рӯдакӣ, бо тибби Сино мондаӣ.

Мондаӣ гар покҷону покимон то ҳанӯз,
Бо китоби Ҳофизу осори Мавло мондаӣ.

Зинда хоҳӣ буд иншаллоҳ, гарчи аз ситам
Пайкари маслуб монанди Масеҳо мондаӣ.

Ҷамъ кун худро зи сутхонҳои таърихи бузург,
То чунин сарзинда бо уммеди фардо мондаӣ.

Миллати садпораи ман, ҳамчу оҳанпораҳо
Ҷӯш хур бо ҳам, ки андар вартае вомондаӣ...


20.12.1994
Лоиқ ШЕРАЛӢ
#ғазалҳо
583 views12:51
Открыть/Комментировать
2021-01-08 10:50:40
#loiqsherali
683 views07:50
Открыть/Комментировать
2021-01-06 12:36:58 Channel photo updated
09:36
Открыть/Комментировать
2020-11-22 09:26:13
Хонаи Устод ЛОИК ШЕРАЛИ
Бародари Устод
Панчакент 2020

instagram.com/loiqsherali
1.5K viewsedited  06:26
Открыть/Комментировать
2020-11-14 22:01:01
Қисми 4. Вохӯрии устод Лоиқ Шералӣ бо донишҷӯёни ДДМТ [27.11.1998]

instagram.com/loiqsherali
1.5K viewsedited  19:01
Открыть/Комментировать
2020-11-14 16:03:09
Қисми 3. Вохӯрии устод Лоиқ Шералӣ бо донишҷӯёни ДДМТ [27.11.1998]

instagram.com/loiqsherali
1.3K viewsedited  13:03
Открыть/Комментировать
2020-11-14 10:43:53
Қисми 2. Вохӯрии устод Лоиқ Шералӣ бо донишҷӯёни ДДМТ [27.11.1998]

instagram.com/loiqsherali
1.2K viewsedited  07:43
Открыть/Комментировать
2020-11-14 06:44:12
Қисми 1. Вохӯрии устод Лоиқ Шералӣ бо донишҷӯёни ДДМТ [27.11.1998]

instagram.com/loiqsherali
1.1K viewsedited  03:44
Открыть/Комментировать
2020-11-03 23:20:13 https://m.youtube.com/watch?feature=youtu.be&v=G2jtgXmQpNw
1.3K views20:20
Открыть/Комментировать
2020-10-23 06:20:30 * * *
Бӯалӣ аз дасти туркон дар ба дар буд,
Кӯ ба кӯ буд,
Дар ҷаҳони танг ҳамчун фазлашон [1]
Бо ҷаҳолат [2], бо разолат [3] рӯ ба рӯ буд.

Лек боз аз дуру аз наздик
(Эй дунёи бӯқалмун, туфу бар гардиши ту!)
Бо ҳама лофу газоф [4],
Мерасад бар гӯши мо фарёду даъво
Аз куҷое фохирона, аз куҷое омирона [5]:

«Ҳаббазо! [6]
Бӯалӣ фарзанди мо буд.
Бӯалӣ сарманшаи[7] таърихи мо буд.

Номи мо буд,
Нанги мо буд»...
Ҳоказою ҳоказо [8]...

Ман чӣ ҳам гӯям ба ин дарюзахоҳони бузургӣ,
Ки зи пуррӯӣ ҳама дар рӯ ба рӯи довари таърих
Ҳар замон
Таърихро таҳриф [9] месозанд.
Дар паноҳи як бузурги қавми дигар
Бенишониҳои худро дам ба дам
таъриф месозанд.

Мавлавиро турк мегӯянд,
Турк меноманд ҳам Зардуштро. Бӯалиро турк медонанд...
Аз эшон аҷаб нест,
Ки худоро низ рӯзе турк мехонанд...

Ман чӣ гӯям, баски ҳатто ноқисулақле [10] бидонад,
Ки паи даъвои Сино хилқати [11] синоӣ бояд,
Ки зи як модар ду фарзанд ояд эй бас,
Аз ду модар лек як фарзанд н-ояд!

Ҳар бузурге аввалан фарзанди як модар,
Ҳар бузурге аввалан фарзанди як халқ асту пас
Ифтихори ҷумла насли одам аст.

Пушкин аввал шоири рус асту баъд
Шоири Ғарб асту Шарқ асту тамоми олам аст!

Бӯалӣ ҳам пеш аз он, ки Бӯалӣ Сино шавад,
Тифли ду гаҳвора не,
Тифли як гаҳвора буд.
Бӯалӣ ҳам пеш аз он, ки нодири дунё шавад,
Кӯдаки як модари бечора буд.
Дидаи таҳқиқ [12] агар доред, хонед,
Гар намедонед то имрӯз, донед,
Номи ӯ Юлдуз куҷо?
Номаш Ситора будааст!

Кӯдаки Истора буд, ки рафт аз дунболи Хуршед [13],
Кӯдаки Истора буд, ки пар кушод
Дар фазои ҷовидон ҳамболи Хуршед.
Кӯдаки Истора буд, ки дар замин овора шуд,
Кӯдаки Истора буд, ки дар фалак Сайёра шуд!

“Боз як мушт” / Лоиқ Шералӣ / 26.10.1980

Дар Туркия китобе бо унвони «Буюк турк файласуфи ва тиб устоди ибни Сино шахсияти ва асарлари ҳақида тадқиқлар» чоп шудааст...

Луғат:

1. фазл - бартарӣ, афзалият
2. ҷаҳолат - нодонӣ, бехабарӣ, ғафлат
3. разолат - пастӣ намудан, пастӣ, нокасӣ
4. гизоф - ҳарза, бефоида, беҳуда; беасос,
5. омирона - ба оҳанги амр, ҳокимона, ҳукмронона
6. ҳаббазо - (нидо) офарин, аҳсант
7. сарманшаъ - мабдаи асосӣ, сарчашма; сароғоз,боис ва оғозгар
8. ҳоказо ба ин тариқ, ҳамин хел, ба ин тартиб, ин тавр
9. таҳриф - вайрон кардани сухан; дуруст иваз кардани ҳарфҳо дар калима
10. ноқисулақл - ақлаш ноқис, ақлкӯтоҳ, камақл; нодон
11. хилқат офариниш, пайдоиш, ба вуҷуд омадан, сиришт
12. таҳқиқ - ҳақиқат кардан, тафтиш намудан; ҳақиқат ва воқеияти чизеро муайян кардан
13. хуршед - офтоб, меҳр, шамс
1.8K viewsedited  03:20
Открыть/Комментировать