Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

ЛОИК ШЕРАЛИ

Логотип телеграм канала @loiqsherali — ЛОИК ШЕРАЛИ Л
Логотип телеграм канала @loiqsherali — ЛОИК ШЕРАЛИ
Адрес канала: @loiqsherali
Категории: Книги
Язык: Русский
Страна: Россия
Количество подписчиков: 1.63K
Описание канала:

Дерзкий, гордый и необыкновенно талантливый лирик Лоик Шерали, к сожалению, умерший в 2000 году. Как говорил о нём Мирзо Турсун-заде, оберегавший поэта от всех житейских неурядиц, «это космонавт, запущенный к нам из будущего».

Рейтинги и Отзывы

3.33

3 отзыва

Оценить канал loiqsherali и оставить отзыв — могут только зарегестрированные пользователи. Все отзывы проходят модерацию.

5 звезд

1

4 звезд

1

3 звезд

0

2 звезд

0

1 звезд

1


Последние сообщения 5

2021-05-17 09:00:58 Шеъри Лоиқ Шералӣ."Модар"
Ровӣ: Нозанини Низомиён
#лоиқхони #озмун #и_1
410 viewsedited  06:00
Открыть/Комментировать
2021-05-17 06:27:45 * * *
Дунёст, ки дӯстии гургу меш аст,
Аз хеш мабол, душманат дар пеш аст.
Эй дӯст, хасе ҳам агарат душман нест,
Як дӯст зиёда кун, ки душман беш аст.

#ҷомихайём #рубоиёт
277 viewsedited  03:27
Открыть/Комментировать
2021-05-16 16:23:11 #овозиустод
320 views13:23
Открыть/Комментировать
2021-05-16 16:20:15 * * *
Фаввора мезанад хун аз дидагони модар,
Эй вои ҷони модар, эй вои ҷони модар.

Баҳри нажоди миллат, баҳри наҷоти миллат
Беному бенишон шуд ному нишони модар.

Рӯи замин чӣ дорад, рӯи ҷаҳон чӣ дорад?
Дар зери хок хуфта ҷону ҷаҳони модар.

Гардун фурӯ фитода чун боми гӯр бар сар,
Гӯр аст рубъи маскун бар ормони модар.

Кӯр аст курраи арз, доғи дилаш набинад,
Гӯши фалак надорад тоби фиғони модар.

Тиру камон фузун шуд, чандин ҷавон нагун шуд,
Тире нахурд раҳми қадди камони модар.

Чун тир кард шиллик, пур рехт хуни тоҷик,
Наҷме намонд рахшон дар осмони модар.

Даст аз ҷаҳон бишуста, дар кунҷи ғам нишаста,
Мурғе намесарояд дар ошёни модар.

Дигар зи худ наболад, бар шаш ҷиҳат бинолад
Ку посдори модар? Ку посбони модар?

Шояд ки зинда гардад тифли ҷаҳоннадидаш,
То рӯзи ҳашр нолад рӯҳи навони модар.

Танҳост зери гардун, афсурдаю ҷигархун,
Ҳайфи замини модар, ҳайфи замони модар!

[09.02.1993]
#ғазалҳо #модарнома
320 viewsedited  13:20
Открыть/Комментировать
2021-05-16 12:20:57
30 viewsedited  09:20
Открыть/Комментировать
2021-05-16 12:20:56
28 viewsedited  09:20
Открыть/Комментировать
2021-05-16 12:20:53
25 views09:20
Открыть/Комментировать
2021-05-15 21:57:21 АСАЛОМУАЛАЙКУМ АЗИЗОН, ОШИҚОНИ ҒАЗАЛҲОИ УСТОД ЛОИҚ ШЕРАЛӢ МО МУДИРИЯТИ САҲИФАИ ЛОИҚ БА МУНОСИБАТИ 20 МАЙ, КИ ЗОДРУЗИ УСТОД АСТ ЯК ОЗМУНИ ЛОИҚХОНИРО ТАШКИЛ КАРДАН МЕХОҲЕМ.
ШАРТҲОИ ОЗМУН:
ҒАЗАЛҲОИ УСТОДРО БО ОВОЗ ВА Ё НАВОР КАРДА БА @Fayzullaevaaaa ФИРИСТЕД ВА ҒОЛИБИ ОЗМУН ШАВЕД ҒОЛИБОНРО БЕ АРМУҒОН НАХОҲЕМ МОНД.
ЛОИҚХОНИ ТО РУЗИ 21 МАЙ ДАВОМ МЕЁБАД
.
88 viewsedited  18:57
Открыть/Комментировать
2021-05-11 18:32:45 * * *
Эй асли девони ғазал, шод омадӣ, шод омадӣ,
Нақди дилу ҷон дар бағал шод омадӣ, шод омадӣ.

Бунёди ғамҳо сӯхта, ҷони маро афрӯхта
Бар қасди сад макру ҳиял шод омадӣ, шод омадӣ.

Бикшодӣ зулфи пуршикан, бишкастӣ сад армони ман
Эй кони айши бехалал, шод омадӣ, шод омадӣ.

Аз сафҳаи барги гулат хондам ғазалҳои дилат
Эй шоҳкори бебадал, шод омадӣ, шод омадӣ.

Дар олами шӯру мағал, дар арсаи ҷангу ҷадал
Эй дар малоҳат бемасал, шод омадӣ, шод омадӣ.

Дар базми гунгу кӯрҳо, дар хони талху шӯрҳо
Кандуи саршори асал, шод омадӣ, шод омадӣ.

Будам зи ҳастиям хиҷил, дар чоҳ монда по ба гил
Пирӯз бар фавҷи аҷал шод омадӣ, шод омадӣ.

Андар лабони ғунчасон пайке зи умри ҷовидон
Бар қасди марги бемаҳал шод омадӣ, шод омадӣ.

Бо ман даме даврон бирон, бо ман бигӯ, бо ман бихон,
Эй армуғоне аз азал, шод омадӣ, шод омадӣ.


[26.09.1993] – Зумрад
#ғазалҳо
322 views15:32
Открыть/Комментировать
2021-05-11 05:57:46
ТАВАҶҶУҲ ФАРМОЕД: ХУШХАБАР АЗ СӮХ!
Назар ба хабарҳои пароканда, имрӯз (11 майи соли 2021) Хонаи фарҳангу маданияти ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона бахшида ба 80-солагии шоири шаҳир, абармарди миллат Лоиқ Шералӣ барномаи бошукӯҳе пешкаши ҳаводорони адабиёти асил мегардонад.

@loiqsherali
303 views02:57
Открыть/Комментировать