Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

ЛОИК ШЕРАЛИ

Логотип телеграм канала @loiqsherali — ЛОИК ШЕРАЛИ Л
Логотип телеграм канала @loiqsherali — ЛОИК ШЕРАЛИ
Адрес канала: @loiqsherali
Категории: Книги
Язык: Русский
Страна: Россия
Количество подписчиков: 1.63K
Описание канала:

Дерзкий, гордый и необыкновенно талантливый лирик Лоик Шерали, к сожалению, умерший в 2000 году. Как говорил о нём Мирзо Турсун-заде, оберегавший поэта от всех житейских неурядиц, «это космонавт, запущенный к нам из будущего».

Рейтинги и Отзывы

3.33

3 отзыва

Оценить канал loiqsherali и оставить отзыв — могут только зарегестрированные пользователи. Все отзывы проходят модерацию.

5 звезд

1

4 звезд

1

3 звезд

0

2 звезд

0

1 звезд

1


Последние сообщения 7

2021-04-24 16:38:16 * * *
Имрӯз агар он табу он сӯзи дилам нест,
З-он аст, ки ғамхораву дилсӯзи дилам нест.

Ин соату ин лаҳзаю ин они гурезон
Ҳар рӯзи худо ҳаст, вале рӯзи дилам нест.

Бо ҳар зарабон меравадам нақди дил аз даст,
Кас воқифи ангораи мармузи дилам нест.

Ман мондаму дил мондаву вайронаи сина
Дар мушкили дил маслиҳатомӯзи дилам нест.

Рӯзе, ки танам мурд, кафандӯзи танам ҳаст,
Рӯзе, ки дилам мурд, кафандӯзи дилам нест.


[20.01.1995] – Бемористон
#ғазалҳо
1.0K viewsedited  13:38
Открыть/Комментировать
2021-04-21 07:05:53 * * *
Аз ин замони ғарқаи хун дилшикастаам,
З-ин бошу буди хору забун дилшикастаам.

З-ин рӯзгори бадтар аз тоун умед нест,
Аз барги кам, зи марги фузун дилшикастаам.

Ҷанги бародарон бувад нанги бародарон,
З-ин моҷарои бесару бун дилшикастаам.

Олудааст эй басо дасто ба хуни дӯст,
Аз чашмҳои косаи хун дилшикастаам.

Дар шаҳр нест чеҳрае, то бишкуфад дилам,
Аз пӯзаҳои зиштшугун дилшикастаам.

Як коса оби раҳмате аз осмон кӣ хурд,
З-ин косаи махуфи нагун дилшикастаам.

Аз шомҳои тираву торик бок нест,
Аз ғарчаҳои тирадарун дилшикастаам.

Ҳастию нестии мо як парри коҳ нест,
Аз коҳбоди илму фунун дилшикастаам.

Болида доштам диле аз фарри тоҷикон,
Аз ҳолу рӯзи пасти кунун дилшикастаам.


[02.03.1995] – Бемористон
#ғазалҳо
1.2K views04:05
Открыть/Комментировать
2021-04-14 04:48:26 * * *
Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад,
Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад.

Мард он, ки сари қулла чу ҳамхонаи хуршед
Аз қисмати худ розию саршор бимирад.

Мард он, ки сабуктар бикунад бори Заминро,
Бо умри гаронбор гаронбор бимирад.

Бо дӯсти наздик равад манзили дуре,
Бо ёр ва ё бо алами ёр бимирад.

Дар хоб ба овози замин гӯш ниҳад шаб,
Рӯзона чу ҳақдӯст зада ҷор бимирад.

Мард он, ки намонад зи шабаш шишаи холӣ...
Пуршӯру пурошӯбу пурасрор бимирад.

Мард он, ки тиҳӣ буда чунон косаи танбӯр,
Бо нағмаю оҳанги шарарбор бимирад.

Мард он, ки намирад зи қазо бо аҷали худ,
Дар ишқ ва ё кор ва ё ор бимирад.

Мард он, ки шарафманду баномусу ҷавонмард
Бо ин ҳама озор сазовор бимирад!


[1982]
#ғазалҳо
1.3K views01:48
Открыть/Комментировать
2021-04-13 04:40:41 * * *
Ношукрии ишқ аст ҳамин пир шуданҳо,
Дил додаву дил бурдаву дилгир шуданҳо.

Ҷон додаву ҷон канда ба ҷонон нарасидан,
Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон сер шуданҳо.

То қуллаи мақсуд тапишҳои тавонкоҳ,
Охир ба сад афсӯс сарозер шуданҳо.

Худ тири заминем, вале ҳеҷ надонем,
Бо қадди камон худ чӣ бувад тир шуданҳо?

Масруфи хазон аст гулафшони баҳорон,
Бидруди ҷаҳон аст ҷаҳонгир шуданҳо.

Аз мирии мо мардум агар гушна бимиранд,
Он беҳ ки бимирем аз ин мир
шуданҳо.

[15.04.1992] – Бемористон
#ғазалҳо
1.1K viewsedited  01:40
Открыть/Комментировать
2021-04-09 19:46:21 * * *
Дар лобалои кулли бало зиндаам ҳанӯз,
Бо душманони дӯстнамо зиндаам ҳанӯз.

Озодии батар зи ҷазоро надидаед?
Озоди мубталои ҷазо зиндаам ҳанӯз.

Заҳри бадан шавад агар як бурда нон хурам
Бо хайли дуни пасту гадо зиндаам ҳанӯз.

На роҳи пеш рафтану на роҳи бозгашт,
Дар кӯрароҳи ҳар ду саро зиндаам ҳанӯз.

Ҳамчун дарахти нимабурида фитодаам,
Бо ёди муттакову даво зиндаам ҳанӯз.

Бибридаанд ҷумла рагу решаи маро,
Аз аслу решаҳом ҷудо зиндаам ҳанӯз.

З-ин тӯдаҳои шохзан шохи қалам шикаст,
Бо хомаи шикастабаҳо зиндаам ҳанӯз.

Мурдан беҳ аст аз чунин обишхури залил,
Эй мардумон, ба бӯи шумо зиндаам ҳанӯз.

Аз чор сӯст зарбу лат аз душману зи дӯст,
Сад шукр, бо умеди худо зиндаам ҳанӯз.


[22.02.1995] – Бемористон
#ғазалҳо
4.6K viewsedited  16:46
Открыть/Комментировать
2021-04-02 06:21:25
#аксҳо
1.3K views03:21
Открыть/Комментировать
2021-03-31 19:14:49 #аксҳо
1.7K views16:14
Открыть/Комментировать
2021-03-30 06:09:54
Ало, шодоб соҳилҳо

#наворҳо
1.3K views03:09
Открыть/Комментировать
2021-02-01 08:42:48 Ало, субҳи ҳумоюнфар,
Биё дар чеҳраи беобу рангу равғанат мирам
Биё дар хандаҳои бефанат мирам,
Биё дар чашмҳои равшанат мирам!

Чи шоми тирарӯзе буд, шоме ки ба сар бурдам,
Ва дар чанголи хунолудаи кобус
Зи теғи ҳамнажоди хештан мурдам.

Маро куштанд,
Маро дар хуни ман бо ифтихори хоса оғуштанд.
Сипас рафтанд сӯи издиҳоми халқ,
То хонанд худро қаҳрамони покноми халқ...

Чу сар бардоштам аз бистари кобус
Танам бетоб меларзид,
Паси шиша назар кардам
Зи шарми ҳамнажоди ман
Ба гардун қурсаи маҳтоб меларзид.
Чӣ мегӯӣ,
Ба чашмам ҷумла хушку об меларзид.

Такондам маргро аз хештан,
Кобусро рондам.
Яке дидам, ки ту меомадӣ аз хонаи хуршед.
Ба дастат соғаре аз бодаи мастонаи хуршед.

Туро гуфтам:
Маро куштанд!
Хандидию рақсидӣ.

Туро гуфтам:
Маро куштанд!
Маро оғӯш бигрифтиву бӯсидӣ.

Ало, субҳи ҳумоюнфар,
Маро он беҳ,
Ки то аз теғи дасти душманат мирам,
Биё, дар доманат мирам,
Биё, дар доманат мирам!

04.12.1997

#loiqsherali
190 views05:42
Открыть/Комментировать
2021-01-12 20:07:29 * * *
Эй Табиат! 
Рӯзи дафнам 
Боз як он зиндаам кун, 
То бидонам, дӯстонам дар чӣ ҳоланд, 
То бигӯям, дар азои ман наноланд. 

Як назар то бинам, аз аъдои ман 
Кист дар худ шодмон аз мурдани аъзои ман. 
Бингарам, аз душманонам 
Кист ҳозир дар сари тобуту мегиряд зи шодӣ – 
Заҳрханде баҳри ӯ тақдим созам, 
В-аз сари тобути худ дураш биронам... 

Бори дигар бингарам бар чашми ёрам, 
Пас равам осуда бар кунҷи мазорам... 


1987 
Лоиқ ШЕРАЛӢ
#шеърҳо
1.2K views17:07
Открыть/Комментировать