Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

ЛОИК ШЕРАЛИ

Логотип телеграм канала @loiqsherali — ЛОИК ШЕРАЛИ Л
Логотип телеграм канала @loiqsherali — ЛОИК ШЕРАЛИ
Адрес канала: @loiqsherali
Категории: Книги
Язык: Русский
Страна: Россия
Количество подписчиков: 1.63K
Описание канала:

Дерзкий, гордый и необыкновенно талантливый лирик Лоик Шерали, к сожалению, умерший в 2000 году. Как говорил о нём Мирзо Турсун-заде, оберегавший поэта от всех житейских неурядиц, «это космонавт, запущенный к нам из будущего».

Рейтинги и Отзывы

3.33

3 отзыва

Оценить канал loiqsherali и оставить отзыв — могут только зарегестрированные пользователи. Все отзывы проходят модерацию.

5 звезд

1

4 звезд

1

3 звезд

0

2 звезд

0

1 звезд

1


Последние сообщения 6

2021-05-11 05:50:58 * * *
Кош як рӯзи пур аз нур ва ё як шаби кӯр
Лаб ниҳам бар лаби ту, пас биравам бар лаби гӯр.

Дуздӣ аз чашми аҷал бар дари чашмат нигарам,
Бибарам дар нигаҳам аз нигаҳат ламъаи нур.

Нафаси бозпасинам нафаси гарми ту бод,
Бишнавам нафҳаи ту, то бидамад нафхаи сур.

Рӯи ту бинаму бидруд кунам рӯи ҷаҳон,
Қурби ту хоҳаму з-он пас бишавам аҳли қубур.

Эй хуш он дам, ки дар оғӯши ту ҷон биспорам,
Пас зи ту дур шавам, дур шавам, дур... ба гӯр...


[04.01.1993]
#ғазалҳо
312 views02:50
Открыть/Комментировать
2021-05-09 08:38:41 САТРҲОИ НОТАМОМ
Ба хотираи шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ

Сатрҳои нотамому хомаи навпайзада
Монд бесоҳиб...
Дар оғози ҳаёт
Роҳҳо дигар шуданд,
Он гаҳ расид,
То шавад уммед анбози ҳаёт.

Он, ки дар дил дошт тӯфони сухан,
Он, ки меҷӯшиду дастон менавишт,
Он, ки бо сӯзи тамому меҳри пок
Мадҳи хубон, васфи ёрон менавишт.

Он, ки буд умри ҷавонияш қасам,
Дошт савганди муқаддас бар забон,
Ёфт майдоне, ки ҳатто андар он
Гум шудан ҳам нест беному нишон.

Ёфт вақте, ки ба номи зиндагӣ
Лаҳзаи он мешавад умри абад.
Ёфт қабре, ки аз он баҳри ҷавон
Рӯзгори ҷовидон сар мешавад.

Рафт ӯ аз худ бурун дар як нафас,
Тангно не, вусъатободе бихост.
Рафт сӯе, ки нагирад ҳеҷ кас
Бо дуруду бо сурудаш пешвоз.

Рафт...
Аммо аз раҳи худ барнагашт
Бар қафо чун офтоби кишвараш.
Рафт ҳамчун рӯдҳо баҳри ҳаёт,
Бар сипоси шири поки модараш.

Сатрҳои нотамому хомаи навпайзада.
Монд бесоҳиб...
Ҳама шеъру суруд
Дар забону дар дилу дар роҳ монд,
Рӯз бегаҳ ношуда ҷовид шуд.


[15.07.1964]
#шеърҳо
389 views05:38
Открыть/Комментировать
2021-05-09 08:37:24 ИДИ ЗАФАР

Зи ҳар ҷониб хабар омад: зафар омад, зафар омад,
Зафар омад, зафар омад, сафои баҳру бар омад.

Ҳама олам зи нури ӯ дурафшон шуд, дурахшон шуд,
Зафар омад, зафар омад, чу хуршеди саҳар омад.

Нигоҳи модарон тобон, нигоҳи дилбарон хандон,
Падар пеши писар омад, писар пеши падар омад.

Ҳаёт аз марг эмин шуд, дубора шоду рангин шуд
Наҷоти қисмати имрӯзу фардои башар омад.

[20.01.1985]
#шеърҳо
361 views05:37
Открыть/Комментировать
2021-05-04 05:37:32
ЛОИҚИ ДИДАВУ ДИЛҲО [27.04.2021]
#лоиқхони #панҷакент
775 viewsedited  02:37
Открыть/Комментировать
2021-05-04 05:27:12
ЛОИҚИ ДИДАВУ ДИЛҲО
Оғози озмуни телевизионӣ. Бахшида ба 80-солагии шоири бузурги миллат устод Лоиқ Шералӣ
#лоиқхони #панҷакент
647 viewsedited  02:27
Открыть/Комментировать
2021-05-04 05:15:17
Бо сипос аз устод Сафар Абдуллоҳ, ки дар ҷамъоварӣ ва чопи ин китоб заҳмат кашидаанд. Ба ифтихорӣ 80-солагиӣ зодрӯзи устод Лоиқ чоп шудааст.
573 viewsedited  02:15
Открыть/Комментировать
2021-05-04 05:06:52 ДАРЁНАЖОДЕ, ДАРЁСАВОРЕ…ДАРЁДАРКАШЕ

Пойандозе ба ҷойи оғоз

Дар дабистон устоди фанни ҷуғрофиё маро омӯзонд, ки дар дунё чаҳор уқёнус побарҷост.

Ва чун андак-андак бо пои андеша раҳ рафтан омӯхтам, уқёнусе дигарро шинохтам, уқёнуси Сухан.

Ва дар ин уқёнус сухан, сухани ноби порсӣ дарё-дарё, баҳр-баҳр рехтаву холигоҳи онро пур кардааст. Сухани Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонову Ҳофизу Саъдиву Хайёму…

Ва дар нимаи ахири садаи бист, аз баландии Чилмеҳроб чашмае ҷӯшид, дарё шуд , дарёфт дарё будан кам аст, хурӯшиду баҳри дамон шуд, дамиду ба уқёнуси сухани ноб рехт, онро серобтар, саршортар кард. Ва соҳилҳоро шодоб кард.

Шиноси ношинос

Устод Лоиқро ба шиносонидан ниёз намемонад.

Ашъори ӯ шиносномаи ӯст. Устод Лоиқ дар тараннуми таронаи зери лаби духтараки паси хараки клоси ҳаштуми мактаб нишаста аст. Устод Лоиқро дар номаи ҷавонаки пинҳон аз муаллим ба номи дӯстдоштааш хат навишта дармеёбед. Дар сӯҳбати мӯсафедони рӯзгордида мебинед:

Дар ин дунё агар чизе набошӣ,

Ба он дунё кирои рафтанат нест.

Дар суруди яккафарёди ронанда,дар минбари вазири вақт, дар нолаи шубони сари қуллаҳо, дар аллаи ғайроти шаби сари гаҳвори модари бедор…

Сиголишҳои бузургон

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, академик:

Шеъри Лоиқ дарди миллатро аз шикастанҳои дасту по то шикасти дил, аз озори ҷисмонӣ то шикасти рӯҳонӣ фаро гирифта аст. Шеъри Лоиқ як ҷузъи адаби ҷаҳони бекарони тоҷикони Варорӯд аст.

Акбар Турсун, академик:

Лоиқ ҷиҳати офаридани шеъри ғиноӣ (лирикӣ) ба камоли баланди тахассуси шоъирӣ расид, аз хаммаслаконаш касе пояи ӯро надошт.

Абдунабӣ Сатторзода, профессор:

Лоиқ дар торихи адабиёт ва фарҳанги муъосири тоҷик кореро анҷом дода, ки фақат тавонистанд устод Айнӣ дар ривоҷи насри муъосир ва академик Бобоҷон Ғафуров дар зинда гардонидани торихи пурифтихори тоҷик кунанд.З-ин рӯ мо бояд ӯро чун устодон Айнӣ ва Ғафуров азиз дорем ва қадр кунем.

Валӣ Самад, профессор:

То замони Лоиқ адиби дигареро намедонему нашунидаем, ки чун ӯ ормонҳои халқу миллатро бо роҳҳои гуногун ба мақомоти баландпоя асосан бепарда расонида бошад.

Фотеҳ Абдулло, адиб:

Шеъри устод Лоиқ барги заррин дар торихи миллӣ ва ганҷи шоҳворе дар ганҷинаи адабии мост.

Сафар Абдуллоҳ, адабиётшинос:

Зуҳури устод Лоиқ ба адабиёти мо посух ба ниёзҳои миллате, ки солҳо дар «чоҳи сабр» интизори наҷот буд.

Таҳияи Абдуваҳҳоб Сафавӣ
653 viewsedited  02:06
Открыть/Комментировать
2021-04-27 05:26:38
1.1K views02:26
Открыть/Комментировать
2021-04-27 03:34:24 * * *
Ало, эй Шаҳрзоди ман,
Ало, афсонасози умрбоди ман,
Шабе дигар, даме дигар
Бигӯ афсонае аз олами дигар,
Ки шояд аз табутоби дили пурормони ман
Ҳазор оташ фурӯ мурда, табе монда.
Ки аз умри ҳазору як шаби пурдостони ман
Ҳазораш рафтаву шояд шабе монда...

Ба ҷонам ларза меафтад, чу шабҳо
Биандешам зи бозиҳои дунё –
Биандешам, ки дар поёни роҳи пурхатои худ
Туро гум мекунам рӯзе...

Худоё!
Ту аз ман меравӣ он сон, ки рӯзе омадӣ, аммо
Ту аз ман меравӣ он сон, ки нур аз чашм хоҳад рафт,
Ту аз ман меравӣ он сон, ки аз дил шавқ хоҳад рафт.
Ту аз ман меравӣ он сон, ки барфи домани куҳҳо
Баҳорон меравад доманкашон аз ҷо.
Ту аз ман меравӣ он сон, ки бандад кӯч базми булбулони масту шӯрида
Зи бустони хазондида ба гулзори писандида...
Ту аз ман лаҳза-лаҳза дур хоҳӣ шуд,
Фақат дар хобҳову ёдҳо манзур хоҳӣ шуд.

Худоё, ин чӣ ҳазён аст?
Худоё, ин чӣ олоист?

Муроди ман аз ин шеъри пур аз ҳазёну олоӣ
На он буда, ки гӯям шарҳи андӯҳу ҷудоиро.
Муродам буд, то шукри нафасҳои туро гӯям,
Муродам буд, то шукри саропои туро гӯям.
Ва ҳам гӯям,
Ки шояд аз табутоби дили пурормони ман
Ҳазор оташ фурӯ мурда, табе монда...
Ва ҳам гӯям,
Ки аз умри ҳазору як шаби пурдостони ман
Ҳазораш рафтаву шояд шабе монда...


[1979]
#шеърҳо
981 viewsedited  00:34
Открыть/Комментировать
2021-04-24 16:38:59 #овозиустод
903 views13:38
Открыть/Комментировать