Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

* * * Дар қиёси гӯри мардон пештар Гӯри занро жарфтар мекофтан | ЛОИК ШЕРАЛИ

* * *
Дар қиёси гӯри мардон пештар
Гӯри занро жарфтар мекофтанд,
Гӯӣ ӯ дорад гуноҳони азим –
Аз шариат ҳилаҳо меёфтанд.

Гӯри занро жарфтар мекофтанд,
То гуноҳаш жарфтар пинҳон шавад.
То зи хоки ӯ нарӯяд сабзае –
Боиси маъсияти покон шавад.

Бехабар аз он ки зан модар бувад,
Ҷурмаш он бошад, ки инсон зодааст.
Бар чунон одатшиносони дурушт
Ӯ насиби зиндагонӣ додааст.

Бехабар аз он, ки модар холиқ аст,
Зиндагӣ ёбад аз ӯ такрорҳо.
Аз гуноҳи ҷумла фарзандони худ
Мекашад дар гӯр ҳам озорҳо...

Бехабар аз он, ки зан – ҷони ҷаҳон
Чашмашонро бар ҷаҳон бикшодааст.
Гар гуноҳе дорад, он ҳам ин бувад,
К-он чунон ноқадрдонон зодааст...


[1979]
#модарнома