Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

* * * Дареғу дард, ки ёрон зи мо ба дур шуданд, Чунин зи кӯрии | ЛОИК ШЕРАЛИ

* * *
Дареғу дард, ки ёрон зи мо ба дур шуданд,
Чунин зи кӯрии хешу зи бахти шӯр шуданд.

Чу иттиҳод набуда миёнашон чун мушт,
Ба сухра дастхуши чанд муштзӯр шуданд.

Ситорасӯхтагони диёри хуршедӣ
Ба ҳукми чанд камондори бешуур шуданд.

Ду чашм мунтазири илтифоти ёру диёр
Ба ёди хоки Ватан хун гириста кӯр шуданд.

Зи мавҷкӯҳаи Ому паи мадад аз мӯ
Убур карда бад-он сӯ, таҳи қубур шуданд.

Ба хоки ғайр надиданд хайру хайрият,
Ба хоки ғайр ғунуда, ғарибгӯр шуданд.

[05.02.1994]
#ғазалҳо
Telegram | VK | TikTok | Instagram | OK | YouTube | Twitter | SoundCloud | LiveJournal |