Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

Панду Шеърҳои Исломӣ

Логотип телеграм канала @sherhoi_islomi_tj — Панду Шеърҳои Исломӣ П
Логотип телеграм канала @sherhoi_islomi_tj — Панду Шеърҳои Исломӣ
Адрес канала: @sherhoi_islomi_tj
Категории: Религия
Язык: Русский
Количество подписчиков: 816
Описание канала:

"Асалому ъалакум ва раҳматуллоҳи ва баракоту"
Ба канали Исломи яъне "ПАНДУ ШЕЪРҲОИ ИСЛОМӢ" хуш омадед...
Инстаграмми мо:
https://instagram.com/sherhoi_islomi_tj?igshid=MzNlNGNkZWQ4Mg
28-12-2020 сохта шудааст

Рейтинги и Отзывы

3.00

3 отзыва

Оценить канал sherhoi_islomi_tj и оставить отзыв — могут только зарегестрированные пользователи. Все отзывы проходят модерацию.

5 звезд

0

4 звезд

1

3 звезд

1

2 звезд

1

1 звезд

0


Последние сообщения

2022-07-11 12:49:29
1.4K views09:49
Открыть/Комментировать
2022-07-09 03:27:09
Иди Саиди Қурбон муборак бошад дустони азиз ва гироми ва Аҳли мусалмонон!

АлЛоҳу акбар, АлЛоҳу акбар, АлЛоҳу акбар,
Ла илаҳа иллалЛоҳу валЛоҳу акбар
АлЛоҳу акбар ва лилЛаҳил ҳамд

Инро хатман ба дигарон ва наздикон бирасонед

@domullo_Abdulqodir1 обуна шавед
1.8K views00:27
Открыть/Комментировать
2022-06-13 18:20:13 " ИН ДУНЁ ВАФО НАДОРАД"

• Марги худро ёд ору гиряи бисёр кун
• Мерави рӯзе ба хоку тушае таёр кун
• Ногоҳ бувад аз ин ҷаҳонат бибаранд
• Аз ҳалқаи ҷамъи дустонад бибаранд
• Ғофил манишин замон замонат бибаран
• Гар ту нарави кашон кашонат бибаранд
• Бибандам дасти поятро
• Пушонан чашимҳоятро
• Ин мазраби умр нишот омада пок
• Деҳқони Аҷал накиш чуз тухми халоқ
• Чун донаи гандум ҳамо бо сад дили чок
• Аз хок баромадану рафтан ба хок
• Куҷо шуд сарвари авлоди одам
• Куҷо шуд Аҳмади Махмуди хотам
• Куҷо шуд омаи меъроҷи афлок
• Ба ясриб рафт зери пардаи хок
• Агар дунё ба кас поянда мебуд
• Муҳаммад то ба индам зинда мебуд
• Агар ба кас мекард вафои
• Намекард аз он ҳазрат ҷудои
• Занам фарёд гӯям то қиёмат куҷои
• Ё Муҳаммад ё Муҳаммад ( С А В)

@Sherhoi_islomi_tj обуна шавед
2.2K viewsedited  15:20
Открыть/Комментировать
2022-06-09 05:40:53 • Бар мазорам бигзарӣ, оҳиста бош,
• Мерасад рӯзи ту ҳам, дониста бош.
• Ман намегӯям, маро таъзим кун,
• Як дуои хайр бигӯ, таслим кун.
• Рафтагонанд эҳтиёҷи як дуо,
• Аз Худои корсоз кун илтиҷо.
• Чунки ман ҳам чун ту будам дар калом,
• Ин замон дар зери хокам вассалом.
• Зиндагонро пайғоме, аз мо расон,
• Бандагиро бо Худо кунанд тамом.
• Мо накардем бандагӣ шармандаем,
• Зери ин хок, зору ҳайрон мондаем.
• Эй бародар насиҳатро гӯш дор,
• Бандагӣ кун, салавот гӯй, бешумор.
• Ки ту ҳам ойи ба ин ториксаро,
• Кори хайрат дастгир бошад туро.
• Бо ятимон силаи раҳмро гузор,
• То ҳаёти хайру эҳсон бигузор.
• Қулҳуваллоҳ бар сари гӯрам бихон,
• Бо Худои меҳрубон супор амон.
• Ё Худоё дасти мо сӯят дароз,
• Ҷуз ту моро нест, Худои банданавоз.
• Ё Ҳабибе, ки мегуфтӣ Умматӣ,
• Назди туем пургуноҳу ту сахӣ.
• Аз Худом худ шафоъатро бихоҳ.
• Ҷуз Ту моро нест дар пушту паноҳ.
• Аз Худованд узри моро ту бихоҳ.
• Чунки моем, умматони рӯ сиёҳ.

@Sherhoi_islomi_tj обуна шавед
1.8K views02:40
Открыть/Комментировать
2022-06-03 21:02:25 Андӯҳи дили худро танҳо ба Худо гӯед,
Не ҷониби инсонҳо, бар сӯи само гӯед.
Як гӯш шунид асрор, садҳои дигар огаҳ,
З-ин рӯ зи сири ботин бар гӯши ҳаво гӯед.
Чун хаста шудем аз ғам, аз торикиву мотам,
Аз савти рубоби дил, аз созу наво гӯед.
Ҷое, ки муҳаббат ҳаст, ишқ ҳасту рафоқат ҳаст,
Аз кинаву бадхоҳӣ пайваста чаро гӯед?
Бар таскини ғамдида чун марҳами дарди ӯ
Бо нармиву ғамхорӣ як ҳарфи даво гӯед.
Аз лаънату аз дашном суде нарасад, ёрон,
Беҳ аст, ки Худо гӯед, беҳ аст, ки дуо гӯед


@Sherhoi_islomi_tj обуна шавед
1.7K viewsedited  18:02
Открыть/Комментировать
2022-06-01 16:20:11
Ин Дунё арзиш надорад..!
Инро хатман ба дигарон ва наздикон ва ба дустони худ бирасонед

• Дар ҷавонӣ тоати чандон накардам, вой вой,
• Тоати шоистаи Раҳмон накардам, вой вой.
• Дар ҷавонӣ тоати шоиста мушкил менамуд,
• Мушкили худро чаро осон накардам, вой вой.
• Бо падар ноаҳл будам аз ғуруру ҷоҳилӣ,
• Бо бародар шафқату эҳсон накардам, вой вой.
• Амру наҳйи Ҳақ Таъолоро наовардам ба ҷой,
• Хондаму донистаму фармон набурдам, вой вой.

@HojiMirzo_NurTv обуна шавед бародаро
1.8K views13:20
Открыть/Комментировать
2022-05-29 16:34:17 Луқмон назди арбобаш бисёр азизу мӯҳтарам буд. То ҳадде, ки ҳар таъоме барои арбоб меоварданд, ибтидо миқдоре аз он ба Луқмон медод ва баъд худаш мехӯрд.

Ҳар таоме, к-оваридандӣ ба вай,
Кас сӯйи Луқмон фиристодӣ зи пай.

Рӯзе барояш харбуза оварданд. Тибқи маъмул Луқмонро садо кард ва як тилим аз он харбуза ба ӯ дод.

Луқмон хеле бо иштиҳо он тилимро хӯрд. Тилими дигаре ба ӯ дод ва ин бор низ Луқмон бо иштиҳои бештаре онро хурд.

Арбоб ҳамин гуна ба ӯ харбуза медод ва Луқмон ҳар бор бо майли бештар онро мехӯрд.

Чун буриду дод ӯро як бурин,
Ҳамчу шаккар хӯрдашу чун ангубин.
Аз хушӣ, ки хӯрд, дод ӯро дувум,
То расид он карчҳо то ҳафдаҳум.

Арбоб аз ин ҳама иштиҳо Луқмон тааҷҷуб кард ва як тилим барои худ бардошт, то бубинад харбуза чи тамъи фавқулодае дорад, ки Луқмон ин қадар алоқаманди он аст.

Монд карче, гуфт: «Инро ман х(в)арам,
То чӣ ширин харбузаст ин, бингарам.

Аммо ҳамин, ки арбоб харбузаро ба даҳон гузошт, бо тааҷҷуб ҳис кард, ки он ба мисли заҳр талх аст.

Чун бихӯрд, аз талхияш оташ фурӯхт,
Ҳам забон кард обила, ҳам ҳалқ сӯхт.

Аз Луқмон пурсид: Чи гуна ин заҳри талхро бо иштиҳо хӯрдӣ?

Нӯш чун кардӣ ту чандин заҳрро?
Лутф чун ангоштӣ ин қаҳрро?

Луқмон дар ҷавоб гуфт: Алоқа ва иштиҳои ман ба харбуза набуд. Ман аз ин, ки чизе аз дастони шумо мехӯрдам, хушҳол будам ва лаззат мебурдам.

Ман дар гузашта он қадар аз дастони шумо муҳаббат дидам ва ширинӣ чашидам, ки дигар ҳар он чи аз ин даст мегирам, бароям ширин аст. Ҳатто агар талхтарин чизи дунё бошад.

Лаззати дасти шакарбахшат бидошт,
Андар ин биттих талхӣ кай гузошт?»
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат миссҳо заррин шавад.
Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,
Аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.
Аз муҳаббат мурда зинда мекунанд,
Аз муҳаббат шоҳ банда мекунанд.

Маснавӣ, дафтари дувум
@Sherhoi_islomi_tj
1.7K viewsedited  13:34
Открыть/Комментировать
2022-05-27 06:58:58 • Аё эй банда имрӯз бар ту ид аст,
• Намози Ҷумъаву рӯзи Саид аст.
• Ба рӯзи Ҷумъа ҳар кас, ки дуо кард,
• Зи боғистони Ҷаннат мева чидаст.

Рузи Саиди Ҷумъа Муборак..

@HojiMirzo_Nurtv обуна шавед
1.6K views03:58
Открыть/Комментировать
2022-05-26 22:13:06 Ҳам Падару ҳам Модар, баҳри мо ҷону ҷигар,
Бе Падару бе Модар, чун ятиме дар ба дар.
Баъди рафтан аз ҳаёт чи лозим санги мармар,
Хизмат кунед дар ҳаёт, баҳри Падару Модар!!

@Sherhoi_islomi_tj обуна шавед
1.4K viewsedited  19:13
Открыть/Комментировать
2022-05-24 19:37:12 • Чашад ҳар нафс охир шарбати марг,
• Зи ҳар нахле бирезад оқибат марг.

@Sherhoi_islomi_tj обуна шавед
1.4K views16:37
Открыть/Комментировать