2022-12-17 17:07:47
МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20): ТАМРИНҲО ДАР ДАР РЕҶАИ ДУКАРАТА ҶАРАЁН ДОРАНД
Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Душанбе идома медиҳад. Даста дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо реҷаи дукарата машқ дорад.
Дар ин ҷамъомади таълимӣ 31 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар тамрин мекунад. Рӯзҳои 21 ва 24 декабр мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими олимпии кишвар (U-23) ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
611 views14:07