Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

Нишонаҳои мунофиқ Нишонаи якум: Дуруғ гуфтан (дар бовар, гуфт | Тиҷорат бо Аллоҳ

Нишонаҳои мунофиқ

Нишонаи якум: Дуруғ гуфтан (дар бовар, гуфтор ва кирдор).

“Аллоҳ гувоҳи медиҳад, ки мунофиқон дар гуфтори худ дуруғгу ҳастанд” (Мунофиқун: 1).

Аввалин сифате, ки Аллоҳ дар сураи Мунофиқун ба мунофиқин нисбат медиҳад, дуруғ гуфтан аст. Яъне дар суҳбат кардан чизҳоеро ба забон меоваранд, ки худашон имоне ва эътиқоде ба он суханон надоранд ва дар дили худ медонанд, ки дар ҳоли дуруғ ва фиребкорӣ ҳастанд. Мунофиқ бо дуруғгуӣ ҳақоиқро ба нафъи худ пинҳон мекунанд.

Мунофиқ агар паймоне бо касе бибандад ё қавле бидиҳад, дар қавл ва паймони худ дуруғгу буда ва паймон хоҳад шикаст. У ҳамчунин дар қавли худ дағалбоз ва найрангбоз низ мебошад.

Бинобарин касе, ки ба зан ва фарзанд, дустон ва бақия мардум қавл ё ваъдае бидиҳад ва бидуни доштани узри шаръӣ қобили қабул, онро ба ҷо наоварад ва дар қавл ва ваъдаи худ дуруғгу бошад, бо ин кори худ, вориди доираи нифоқ хоҳад шуд ва яке аз нишонаҳои нифоқро дар худ парвариш медиҳад.

- Нақзи мийсоқ ва аҳдшикастан аз аҳмақист.
- Ҳифзи имон ва вафокорӣ тақийст.


Дар Қуръон ҳарҷо аз нифоқ суҳбат равад, билофосила ҳамроҳ бо ин вижа аз дуруғ ҳам суҳбат мекунад ва баръакс ҳарҷо аз дуруғ сухан мегуяд, ба ҳамон шакл ҳамроҳ бо он аз нифоқ ҳам сухан мегуяд.

https://telegram.me/tijorat1