Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

1017 - عَن وَائِلِ بنِ حُجرٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: جَاء | Видеоҳои Исломи📚🌙

1017 - عَن وَائِلِ بنِ حُجرٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ: جَاءَ رَجُلٌ مِنْ حَضْرَمَوْتَ وَرَجُلٌ مِنْ كِنْدَةَ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، فَقَالَ الْحَضْرَمِيُّ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إِنَّ هَذَا قَدْ غَلَبَنِي عَلَى أَرْضٍ لِي كَانَتْ لِأَبِي، فَقَالَ الْكِنْدِيُّ: هِيَ أَرْضِي فِي يَدِي أَزْرَعُهَا لَيْسَ لَهُ فِيهَا حَقٌّ، فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لِلْحَضْرَمِيِّ: أَلَكَ بَيِّنَةٌ؟ قَالَ: لاَ، قَالَ: فَلَكَ يَمِينُهُ. قَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إِنَّ الرَّجُلَ فَاجِرٌ لاَ يُبَالِي عَلَى مَا حَلَفَ عَلَيْهِ، وَلَيْسَ يَتَوَرَّعُ مِنْ شَيْءٍ، فَقَالَ: لَيْسَ لَكَ مِنْهُ إِلاَّ ذَلِكَ. فَانْطَلَقَ لِيَحْلِفَ، فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَمَّا أَدْبَرَ: أَمَا لَئِنْ حَلَفَ عَلَى مَالِهِ لِيَأْكُلَهُ ظُلْمًا لَيَلْقَيَنَّ اللَّهَ وَهُوَ عَنْهُ مُعْرِضٌ.
(مسلم - 139).


Хадис!
Воил ибни Ҳуҷри, разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!
Марде аз деҳоти Ҳазрамавт, ва марди дигаре аз қабилаҳи Кандаҳ, ба назди Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам омаданд.
Марди Ҳазрами гуфт!
Эй Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам!
Заминеро, ки ман аз падарам мерос гирифта будам, ин мард ба зӯри он заминро аз дасти ман гирифтааст.
Марди Кандаҳи, гуфт!
Замин азони ман аст, ва дар дасти ман аст.
Ман он заминро кишту кор мекунам, ва ӯ ҳеҷ ҳаққе дар он замин надорад.
Набӣи Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ба марди Ҳазрами гуфт!
Оё (барой исбот кардани ин, ки замин азони ту мебошад,) шоҳиде дорӣ?
Марди Ҳазрами дар ҷавоб гуфт!
На хайр, шоҳиде надорам.
Онгоҳ ба марди Кандаҳой хитоб карда гуфт!
Ту бояд савганд бихӯри.
Марди Ҳазрами гуфт!
Эй Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам!
У инсони фосиқе аст, аз хӯрдани савганд ҳеҷ парвое надорад, ва аз ҳеҷ чизе парҳез намекунад.
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт!
Ту ба ғайри савганд додан ҳаққи дигаре бар ӯ надори.
Сипас он мард хост савганд бихӯрад, (вале савганд нахӯрд), вақте, ки савганд нахӯрд, Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт!
Агар савганд мехӯрд, то ин, ки моли ӯро ба ноҳақ бихӯрад, дар ҳоле ба мулоқоти Аллоҳи мутаъаал мерафт, ки, Аллоҳи мутаъаал, аз ӯ рӯй гардонда буд.

(Муслим - 139).