Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

99 номи зебои Аллоҳ ва маъноҳояш Ин Шо Аллоҳ ёд гиред 1. Алло | 🕋🕌ИСЛОМТИВИ🕌🕋

99 номи зебои Аллоҳ ва маъноҳояш Ин Шо Аллоҳ ёд гиред

1. Аллоҳ (номи бузургтарини Аллоҳ).
2. Ар-Раҳмон (бисёр раҳмкунанда).
3. Ар-Раҳим (доимо меҳрубон).
4. Ал-Малик (подшоҳи ҳақиқӣ).
5. Ал-Қудус (зоти пок аз ҳар айбу зиштӣ).
6. Ас-Салом (зоти беайб).
7. Ал-Мӯъмин. (бахшандаи амн ва имон).
8. Ал-Муҳаймин (нигаҳбон).
9. Ал-Азиз (бар ҳама ғолиб).
10. Ал-Ҷаббор (аз ҳама забардасттар).
11. Ал-Мутакаббир (соҳиби азамат ва бузургӣ).
12. Ал-Холиқ (офаринанда).
13. Ал-Борӣ (офаридгор ва диҳандаи ҷон).
14. Ал-Мусаввир (созандаи сурат).
15. Ал-Ғаффор (омурзанда).
16. Ал-Қаҳҳор (бар ҳама ғолиб).
17. Ал-Ваҳҳоб (аз ҳама атокунандатар).
18. Ар-Раззоқ (рӯзидиҳандаи ҳама).
19. Ал-Фаттоҳ (мушкилкушо).
20. Ал-Алим (дорои илми васеъ).
21. Ал-Қобиз (камкунандаи ризқ).
22. Ал-Босит (фароху васеъкунандаи рузӣ).
23. Ал- Ҳофиз (пасткунанда).
24. Ар-Рофӣ (баландкунанда).
25. Ал-Муъизз (иззатдиҳанда).
26. Ал-Музилл (залилкунанда, хоркунанда).
27. Ас-Самиъ (шунавандаи ҳар чиз).
28. Ал-Басир (бинандаи ҳар чиз).
29. Ал-Ҳакам (ҳокими мутлақ).
30. Ал-Адл (аз ҳама боадолаттарин).
31. Ал-Латиф (комилан бо лутфу карам).
32. Ал-Хабир (огоҳ ва бохабар).
33. Ал-Ҳалим (бисёр бурдбор).
34. Ал-Азим (бисёр бузург).
35. Ал-Ғафур (бисёр омурзанда).
36. Аш-Шакур (қадрдон).
37. Ал-Алий (бисёр бартару баландтар).
38. Ал-Кабир (бисёр бузург).
39. Ал-Ҳофиз (нигаҳбони ҳама).
40. Ал-Муқит ( тавоно ва қувватдиҳанда).
41. Ал-Ҳасиб (кофӣ бар ҳама).
42. Ал-Ҷалил (олимартаба).
43. Ал-Карим (бисёр бокарам ва эҳсон).
44. Ар-Рақиб (комилан нигаҳбон).
45. Ал-Муҷиб (қабулкунандаи намоз (дуо)-ҳо).
46. Ал-Восиъ (соҳиби вусъату ғунҷоиш).
47. Ал-Ҳаким (донои ҳақиқати ҳар чиз).
48. Ал-Вадуд (бисёр дӯстдоранда).
49. Ал-Маҷид (неъмату эҳсони бепоён).
50. Ал-Боис (зиндакунандаи мардҳо).
51. Аш-Шаҳид (ҳозир ва нозир).
52. Ал-Ҳаққ (барҳақ).
53. Ал-Вакил (корсози бузург).
54. Ал-Қавий (манбаи қувват).
55. Ал-Матин (соҳиби қуввати шадид).
56. Ал-Валӣ (ҳимояткунанда ва дӯст).
57. Ал-Ҳамид (сазовори ситоиш).
58. Ал-Муҳсий (дар доираи шумор оваранда).
59. Ал-Мубдӣ (аз ибтидо офаринанда).
60. Ал-Муид (дубора баргадонанда ва офаринанда).
61. Ал-Муҳий (зиндакунанда).
62. Ал-Мумит (мавткунанда).
63. Ал-Ҳай (доимо зинда).
64. Ал-Қайюм (қоимкунанда ва нигаҳдори ҳама).
65. Ал-Воҷид (ёбандаи ҳар чиз).
66. Ал-Маҷид (соҳиби бузургӣ ва иззат).
67. Алвоҳидул-Аҳад (якка, ягона).
68. Ас-Самад (бениёз).
69. Ал-Қодир (тавоно ва боқудрат).
70. Ал-Муқтадир (соҳиби қудрати комил).
71. Ал-Муқаддим (муқадим ва пешкунанда).
72. Ал-Муаххир (ақиб ва пасронанда).
73. Ал-Аввал (аввалин).
74. Ал-Охир (аз ҳама охир).
75. Аз-Зоҳир (ошкор).
76. Ал-Ботин (пинҳон пӯшида).
77. Ал-Волӣ ( мутасарриф ва иқтидор).
78. Ал-Мутаолӣ ( аз ҳама баланд ва бартар).
79. Ал-Барр (дорои аъмол ва ахлоқи нек).
80. Ат-Таввоб (қабулкунандаи тавбаҳо ва авфкунандаҳои гуноҳҳо).
81. Ал-Мунтақим (тавоно бар интиқом).
82. Ал-Афувв (бисёр авфкунанда).
83. Ар-Рауф (мушфиқ ва меҳрубон).
84. Ал-Моликул-Мулк (молики тамоми коинот).
85. Зул-ҷалоли вал-икром (соҳиби залол ва икром).
86. Ал-Муқсит (одил ва боинсоф).
87. Ал-Ҷомиъ (ҷамъкунандаи ашёи мутафарриқа).
88. Ал-Ғаний (бениёз, мустақил).
89. Ал-Муғнӣ (бениёзкунанда).
90. Ал-Монӣ (боздорандаи қудрат, соҳиби қудрат).
91. Аз-Зорр (дорои қудрат бар зарар расондан).
92. Ан-Ноф (дорои қудрати нафъ расондан).
93. Ан-Нур (нури комил).
94. Ал-Ҳодӣ (роҳнамои роҳи рост).
95. Ал-Бадӣ (эҷодкунанда бидуни намуна).
96. Ал-Боқӣ (доиман мавҷуд)
97. Ал-Ворис (пас аз ҳама боқӣ ва мавҷуд).
98. Ар-Рашид (ростию некӣ писандкунанда).
99. Ас-Сабур (соҳиби таҳамул ва бардошт).

Инро хатман ба дигарон ва наздикони худ ирсол кунед онҳо ҳам бидонанд
Ба Саҳифаи Ҳоҷи Мирзо
Обуна шавед