Получи случайную криптовалюту за регистрацию!

Панди кӯдак ба шайх _______________________ Шайхе аз роҳ мегуз | faol.tj - онлайн тестирование

Панди кӯдак ба шайх
_______________________
Шайхе аз роҳ мегузашт ва дид, ки кӯдаке дар гил мондааст.
Гуфт: Эй писар, гӯш дор, то наяфтӣ!
Кӯдак гуфт: Афтодани ман саҳл аст, агар бияфтам танҳо бошам. Аммо ту гӯш дор, ки агар пойи ту билағжад, ҳамаи мусалмонон, ки аз пайи ту оянд, билағжанд!
Ҳакиме бо яке нишаста буд. Ва ҳарду зор мегиристанд. Чун он кас бирафт, ҳаким рӯ ба ёрон карду гуфт: Донистед,ки ин шахс кӣ буд? Гуфтанд, на. Гуфт, Иблис буд ва ҳикояти хидматҳои худ мекард ва афсонаи рӯзгори худ мегуфт. Ва аз дарди фирок менолид.